БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ТАТБИҚ ГАШТА ИСТОДААНД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси ноҳия,  узви Кумитаи иҷроияи вилояти   ва ноҳиявии ҲХДТ Одиназода Бозоралӣ Неъмат, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳия,  собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. 

Ба баррасии маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  панҷ масъала пешниҳод карда шуд.

Дар ҷамъомад гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюм, тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ  ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ,  ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ" барои соли 2020, тасдиқи  гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби зиёиён, фаъолон, собиқадорон, ҷавонон ва занон  мавриди муҳокима қарор дода шуд

Мсъалаҳои  муҳим  дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  пешниҳод шуда, ҳаллу фасл гардида, доир ба онҳо  қарорҳои  дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg