
АНДЕША. Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ба зинаҳои тараққиёт баромада, дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон баён доштанд, бо ба кор андохтани чархаи якуми НБО «Роғун» як қадами устувори мо дар самти расидан ба ҳадафҳои якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шудааст. 150 ҳазор ҷойҳои корӣ нав таъсис дода, дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пули аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар хазинаи бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт, дар соҳаи иҷтимоӣ нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак бошад, дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардидааст.
Бояд иброз дошт , ки мо мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи санаи муҳими таърихӣ, яъне ҷашни мубораки 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо дастовезҳои муносиб истиқбол кардани ин ҷашни бошукӯҳ маромномаи ҳар яки мост. Мо ба ояндаи дурахшони Ватани азиз боварии қавӣ дорем ва баҳри дар амал татбиқ кардани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнат софидилона ва садоқати бепоён ҷиддан талош меварзем.
Рустам Саидов, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ