БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ МУНАЗЗАМУ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИИ МАРДУМИ КИШВАР САҲМ ДОРАД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бонки миллӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Корманди масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида зимни баромади худ оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти  мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва соҳаи бонкӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.

Инчунин, дар идома оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg