БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО ВНМО/АНМО КОРИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулбоғ” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ ташкил карда шуд.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуд.

Зимнан, мавсуф  иброз кард, ки ба ҳамагон маълум аст, бемории ВНМО/АНМО бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Мубориза бар зидди бемории мазкур кори дастаҷамъонаро талаб мекунад.

Инчунин, дар суҳбат гуфта шуд, ки пешгирӣ  аз паҳншавии ВНМО/АНМО кори умумиҷамъиятӣ ва шахсии ҳар як инсон мебошад. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ пеш аз ҳама шаҳрвандон бояд тарзи ҳаёти солимро пеша карда, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Баъдан дар доираи Акисияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ташкилоти мазкур таъмир гардида, дигар корҳои ободонӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg