
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чортут”-и деҳаи Чортути Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур, сокинони бонангу номус синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 деҳа бо дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст карда шуд.
Инчунин, дар ин раванд ду нусха китоби Сурх, китобҳои гуногуни бадеӣ, ду адад микроскопҳои электронӣ ва як адад тахтаи синфии электронӣ харидорӣ карда шуда, ба муассисаи таълимӣ тақдим карда шуд.
Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.
Ҳамзамон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаи Чортут суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.
Дар охир сокинони деҳа аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.