БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМРО БАРОИ РӮ ОВАРДАН БА МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ МАКТАБ ҲИДОЯТ МЕНАМОЕМ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар самти рӯ овардани мардум ба мактаб, иштироки падару модарон дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати хирадмандонаи   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ  андешаронӣ  карда шуд.

Дар охир иштирокдорон вохӯрии судмандро ҷонибдорӣ карда, барои  баррасии  масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба ҳаёти шаҳрвандон муҳим мебошад, изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg