ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Яккаву танҳо” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии давлату миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, сухан ронданд.
Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат дигар паҳлуҳои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокдорон ба суолу дархостҳои хеш ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Дар охир вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як қатор корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонида шуд.