ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохўрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуда, дар ростои ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи ташкил намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби шахсони саховатпеша суҳбату маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар охир, бо қувваи сокинони маҳал кўчаҳои дохили маҳаллаи Ваҳдат сафолакпўш карда шуд.