
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи ҳизб бо ҷомеа, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи ба номи «МирзоТурсунзода» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид .
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсунбӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҷиҳати бо амалҳои неку созанда пешвоз ва таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ кард.
Инчунин, дар чорабинӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок дошта, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва хусусан Пешвои миллат қарор дорад ва имрӯз моро зарур аст, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар анҷоми корҳои хайру сахо ва созангадиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии”Якҷоя ҳал мекунем!” барои таъмири муассисаи миёнаи умумии №2-и ноҳия ба маблағи 1340 сомонӣ кумак расонида шуд..