БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ ДАР ТАЪМИРИ МАКТАБҲО НАЗАРРАС АСТ!

  ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 баҳри омода намудани синфхонаҳо ба соли нави хониш корҳои таъмиркунӣ бомаром идома доранд.

Зимни суҳбат сарвари  муассисаи мазкур  Фаррух Зубайдов иброз дошт, боиси хурсандист, ки имсол дар доираи Аксияи ҳизбӣ фаъолони ҳизб, шахсони саховатпеша ин иқдомро дастгирӣ карда, рӯ ба мактабу маориф оварданд.

Асалмо Сафарова, ки аз бонувони пешқадаму обрӯманди на танҳо шаҳри Левакант, балки вилояту ҷумҳурӣ ба шумор меравад, аз ҳисоби даромади оилаи худ барои таъмири хушсифати муассисаи мазкур масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда,  кӯмак расонид. Ташаббуси ватандӯстона  аз ҷониби аҳли деҳа дастгирӣ ёфта, 20 адад тирезаҳои фарсудашуда иваз  ва   таъмири хушсифати  синфхонаҳо идома доранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg