БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ МАКТАБ ОБОДИИ ДЕҲА АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”-и  деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён  дар мавзӯъи “Тарбияи худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли наврас” хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда ҳар як сокини кишварро месазад дар пешрафту ободии Ватан  саҳмгузор бошад.

Пас аз анҷоми  суҳбат аз ҷониби  соҳибкорони муваффақ, аъзои  фаъоли ҲХДТ Аваззода Илҳом ва дигарон Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” якдилона пазируфта шуда, масофаи 1 километр роҳи деҳаи номбурдаро ба маблағи 38000 сомонӣ мумфарш карданд. 

Ҳамчунин, дар ин раванд фарши бунгоҳи тиббӣ  аз таъмири хушсифат бароварда шуда,  муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии № 38 таъмири капиталӣ карда шуд.  

Аз ташаббуси ватандӯстонаи  ҲХДТ мардуми деҳа  изҳори миннатдорӣ баён карда, ин иқдомҳои некро давоми ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ карданд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg