БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ АЗАЛ МИЛЛАТИ ТОҶИК ХАЙРХОҲУ СОЗАНДА АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Зафар” баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба обрӯву нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва дасти ниёзмандонро  гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.

Дар охир ҷиҳати роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар  шахси ниёзманди ҷомеа  Давлатбеков Дилшод кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои ватандӯстонаи фаъолон, аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ  аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибдории хешро аз  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg