
ДӮСТӢ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Намуна” вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати сафарбар кардани мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ доир гардид.
Дар суҳбат масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомотиболоии ҲХДТ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим фикру андешаҳои хешро баён карда, ҳамагонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ намуданд.
Вобаста ба амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳа таъмираш оғоз ёфта, сокинон ният доранд то оғози соли нави хониш муассисаи мазкурро аз таъмири хушсифати ва 4 синфхонаи иловагиро сохта ба истифода диҳанд.
Инчунин,шахсони бонангу номуси Ватан бародарон Давлатовҳо дастгирӣкарда, сохтмони бинои боғчаи бачагонаро дар деҳа оғоз карданд.