
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти ҳшаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “А. Сино ва Хайём”-и ҷамоати шаҳраки ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзоад Пирмуҳаммад иштирок намуда, оиди баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавии сокинон дар мавриди хатарҳои терроризму экстремизм пешгирии вайрон гардидани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳамагон фаҳмонида шуда, онҳо ба корҳои созандагӣ даъват карда шуданд.