
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хона интернати маъюбон» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шаӽноза Раҷабова доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, қайд кардан ба маврид аст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолият тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқи маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.