БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ-МУҚОВИМАТИ ТУ АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД!!!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Вахш  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Одилҷон Маҳмадов  дар мавзӯъи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» хониши сиёсӣ доир карда шуд.      

Одилҷон Маҳмадов зимни  баёни андеша зикр кард, ки коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Инчунин, мавсуф иброз дошт, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеаи шаҳрвандӣ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg