БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОНИ НОҲИЯ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИАШОН НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “соҳаи  тандурустӣ”-и ноҳияи Ёвон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии соҳаи тандурустӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои шашмоҳаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

Нахуст,  раиси ташкилот Халилов Бурҳониддин оид ба корҳои анҷомдодашуда дар шашмоҳаи якуми соли равон гузориш дода, дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро роҷеъба фаъолияти ташкилоти мазкур изҳор доштанд.

Сипас,  муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  Саёҳат Абдуллоева ба сухан баромада, оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои меҳнатӣ, иштирок дар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», боздиди ҳар як табиб аз муассисаи таҳсилнамудаи худ андешаронӣ намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ду нафар собиқадорони соҳаи тиб, ки айни ҳол дар бистари бемориянд,  кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg