
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи маориф”-и ноҳияи Данғара бо иштироки Шарипова Гулҷаҳон муовин раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мавсуф атрофи масоили вобаста ба дастуру супориш, ва ҳидоятҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, баланд бардоштани сатҳи таълим ва идораи сифати таҳсилот, рушди омӯзиши илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш, малака, маҳорат ва сатҳи забондонии толибилмон, омода намудани хонандагон ба фазои байналмилалии таҳсилот, баргузории озмунҳои гуногун миёни хонандагон ва омӯзгорон ҷиҳати тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнӣ, ихтирооту навоварӣ, гузаронидани корҳои пайвастаи тарбиявӣ ва коҳиш додани сатҳи қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати дастгирии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъватба амал овард.