БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОГАРОНУ ДАССИСАБОЗОН МАРДУМРО БА ГУМРОҲИ НААНДОЗЕД!

ВОКУНИШ. Дар сомонаҳои интернетӣ аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ дар  ҳар кунҷи олам, ба мисли сагҳои дайдуе, ки баъд аз фаро расидани шаб гурусна мемонанд улас мекашанд, мардуми баору номуси миллати тоҷикро ба иғво андохта, хабарҳои дурӯғро паҳн кардан мехоҳанд, ки тинҷию оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор созад. Бешубҳа истифодабарандагони ин сомонаҳои интернетӣ як ё ду аъзои ташкилоти террористӣ – экстримистии ҲНИ буда, сомонаҳои интернетии сохта доранд, ба мисле, ки аз як баландгӯяк садо мебарорӣ дигар баландгӯяк низ садо медиҳад.

Яке аз аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ин Сулаймон Давлатов мебошад, ки дар сомонаи фейсбук мардумро ба иғфо андохта, хабарҳои дурӯғро паҳн мекунанд.  Сулаймон Давлатов пеш аз он, ки суханони иғвоангезро гӯи, андеша кун, ки аз ин нафъе ба мардум расонидаӣ? Албатта, ки  не. Суханоне, ки ту  мегӯӣ, бо чашми худ надидаӣ ё шоҳид набудӣ. Пеш аз он ки буҳтону сангандозӣ мекунӣ, боре рӯзҳои гузаштаро ба ёд оред! Он рӯзҳои бадбахтии солҳои навадумро бо имрӯз қиёс намо!

Имрӯзҳо, ки мо ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ навбатӣ наздик шуда истодаем, аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии  ҲНИ ниҳоят беқарору ноором шудаанд ва расонаҳои интернетиро роҳи қуллай барои иғво андохтан медонанду пайваста тариқи расонаҳои хабарӣ барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои нопокашон гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд.

Аммо имрӯз мардуми бошарифи Тоҷикистон донистаем, ки пайравону аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ бадхоҳону душманони миллатамон мебошанд ва ҳамаи навгониҳо, пешравиҳои Тоҷикистон онҳоро ноором месозад.

 

Дар ҷумҳурии мо ҷавонони бошуур, босавод тарбия ёфта истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил карда, ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба фаъолият мебаранд.

Мо, ҷавонон аз воситаҳои электронӣ фаровон истифода менамоем ва хуб ҳам огоҳем, ки имрӯз дар давлатҳои дигари ҷаҳон бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳои нангин рух дода истодааст. Афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳамватанони мо низ ҳастанд. Баъзан андеша мекунем, ки онҳо бо кадом фикр ба ин роҳ ба доми фиреби ифротиён афтодаанд. Наход, огаҳӣ надошта бошанд, ки оқибати чунин амалҳои ғайриинсонӣ бо пушаймониву марг анҷом меёбад.

Иғвогарону дассисабозон дурӯғу буҳтонро ба рӯи коғаз оварда, халқи тоҷикро ба иғво наандозед! Шарм доред!

Зарур аст, ки ҳар фарди Ватани азизамон, алалхусус ҷавонони имрӯз бо ваҳдати комил, дӯстиву бародарӣ, якдиливу якмаромӣ баҳри ободии Тоҷикистон хизмат намоем ва ба қадри хушбахтии миллат бирасем. Ҳар нафаре, ки ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ дорад ва фарзанди асили модари тоҷику тоҷикистонӣ аст, бояд донад, ки барои чунин ашхос дар байни мо ҷой нест ва нахоҳад буд.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg