БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ ДАР ИНКИШОФУ ТАКМИЛИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОН НАҚШИ БУЗУРГРО МЕБОЗАД!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии «Коргоҳи дӯзандагӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид.

Наҷидуллоев Тавакал зимни баромади худ оид ба дӯхти либосҳои сифатнок барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ баромад намуда қайд кард, ки либоси ягонаи мактабӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такмили тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон ва ифтихори миллиашон нақши бузург мебозад. Либоси мактабӣ дар ниҳоди хонандагон ҳисси зебоипарастӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаи инсониро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушрафтор, хушбин ва боинтизом бошанд.
Бо наздик омадани соли нави хониш масъалаи иҷрои нақшаи истеҳсоли либоси ягона дар пешорӯи ҳамаи корхонаҳои дӯзандагӣ қарор гирифтааст. Барои таъмин намудани мактаббачагон бо либоси ягонаи мактабӣ масъулини ин корхонаҳо дар назди мактабҳое, ки шартнома доранд, нуқтаи фурӯши либосро ба роҳ мондаанд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg