Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ХУД НАХОҲАНД РАСИД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи Абдулло Мӯсоеви шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом дода шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён баромад намуда, қайд кард, ки мо мардуми шарафманди тоҷик марҳилаҳои гуногуни вазнини таърихиро аз сар гузаронидем. Махсусан, солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд ва ин ҷанг зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ овард. Мавсуф дар идома гуфт, бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳо боз шахсоне ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳастанд, ки бо чашми ҳасуд ин пешравиҳои Тоҷикистонро менигаранд. Дар ҷомеаи имрӯза ҳоло ҳам ҷавононе ҳаст, ки аз таъриху фарҳанги худ дур ҳастанд ва ба доми фиребу найранги гурӯҳҳои ифротӣ дода мешаванд. Дар ин росто вазифаи ҳар як шаҳрванд аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносиро бедор сохта, онҳоро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона намоем.

Сокинон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” тасмим гирифтанд, ки дар рӯзҳои наздик бахшида ба истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои байни маҳалларо мумфарш намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg