НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Аз ташкилоти ибитдоии “Ализода” бародарон Раҳмонов Анвар ва Раҳмонов Фирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27-и кӯчаи ба номи Ализода дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ошхонаю китобхонаро ба уҳда гирифта, корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Синфхонаҳои иловагӣ барои 80 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбобҳои аёнӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Инчунин, дар ин раванд суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуда, масъулини ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.
Дар охир иштирокдорон аз иқдому ҳадафҳои созанда ва ватандӯстонаи ҲХДТ сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.