ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқ»-и ноҳия бо фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳо оид ба сари вақт супоридани андозҳо, маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ миёни аҳолӣ шаҳр дода шуд. Ҳамзамон, дар самти муқовимат бо коррупсия аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда шуда, қайд гардид, ки ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.
Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо саҳмгузории кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 1 адад синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № ----- таъмир карда шуд.