Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҶОМЕА СОЛИМ БОШАД- ДАВЛАТ ПОЙДОР МЕМОНАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “БҶК”-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар бораи истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, бартараф кардани мушкилиҳои мардум  дар самти  хизматрасонии сифатноки тиббӣ,  пешгирии воридшавии  маводи дорувориҳои пастсифат ва  бемориҳои сироятии  мавсимӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки  соҳаи  тандурустӣ яке аз соҳаҳои  муҳими ҷомеа мебошад, агар  ҷомеа  солим бошад,  пойдории  давлат мустаҳкам мегардад. 

Инчунин, дар идома мавсуф   оид ба моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ  таҷлил кардани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg