БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ НИЁЗМАНДОНРО ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ МЕКУНАД!

ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Хайробод»-и Ҷамоати шаҳраки Дустӣ  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнани баргузории он масъулини ҳизб дар ноҳия қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ - ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун”, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии «Хайробод» дар ростои Аксияи тарғиботи – амалии хизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи ниёзманд дар ҳаҷми 220 сомонӣ кӯмаки модди расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg