ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Доробӣ”-и деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт доир карда шуд, ҳамагон аз баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Халилзода Сафар дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумоти муфассал пайдо намуданд.
Дар баромадаш мавсуф дар баробари шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба корҳои омодагӣ ба санаи пуршукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҳизбиён дар ин маърака бояд дар сафи пеши корҳои созандагию ободонӣ бошанд. Бо ибрати хеш дигаронро ба корҳои ободонӣ ҷалб намоянд.
Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Раъно Бобохонова ва чанде аз аъзои ташкилот дар баромадашон қайд намуданд, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониро вусъат бахшида, санаи басо муҳим ва барои ҳар як сокини мамлакат фархунда 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 Шамсулло Салимов барои таъмири фарши синфхонаҳо ба миқдори муайян нилониум кӯмак расонид.