БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАН ДАР МЕҲВАРИ БАРНОМАИ ҲХДТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Бузахона»  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромад   Давлатҷон Ғаффорзода  оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми гӯшаву канори  кишвар бо маром идома дорад.

Мо ҳар амали некеро, ки  бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худ, фарзандонамон ва Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро, ки ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи  мову шумо каси  дигар обод намекунад.

Ҳамзамон,  ҷиҳати иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сухан рафта қайд карда шуд, ки барои таъмир намудани синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, сангфарш кардани роҳҳо , датсгирии оилаҳои ниёзманд, таъмини  хонадагон бо маводҳои дарсӣ яке аз ҳадафҳои  асосии ҲХДТ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg