БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ОБОДИЮ ПЕШРАФТИ КИШВАР САҲМИ АРЗАНДА ДОРАНД!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  муовини раис-Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Гулсунбӣ Раҷабова  оид ба бандҳои  асосии  Паёми навбатӣ, ки дар он тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқ баррасӣ  карда шудаанд, андешаронӣ намуда, афзуд, ки  амалигардонии  нуктаҳои муҳими Паём вазифаи ҷонии ҳар як сокини кишвар  буда, моро лозим аст дар пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоиста саҳм гузорем.

Инчунин,дар ин раванд самтҳои дигари ҳизбӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби  иштирокдорон ба масъулини ҳизбӣ суолу  дархостҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ  дода шуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳҳои  дохили маҳалла тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg