
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ватанзода Сайҷаъфар иштирок ва баромад намуд.
Мавсуф дар суҳбат иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат воқеан дастурамалест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузурги ободкорона раҳнамун месозад.
Роҳбари давлат иброз намуданд, ки истифодаи максадноки, нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрдорон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.
Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Дар охир иштирокчиён барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ ба корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят карда шуданд.