БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ФАЪОЛАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда,   сокинонро  барои боз ҳам ободу  шукуфонтар шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон ба созандагиву бунёдкорӣ  раҳнамоӣ намуданд.  Сипас, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бинои муассисаи таҳсилоти миёни умумии №38-и деҳа таъмири капиталӣ оғоз шуда,  корҳои ободонӣ  бо маром идома дорад.  

Дар озир сокинон аз ташаббусҳои неки ҲХДТ,   Раиси муаззами  он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор буда,  ҷонибдории хешро аз сиёсати ободкоронаи  Роҳбари давлат  баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg