
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Барои бозҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифатнокии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоидро фароҳам меорем. Бо ин мақсад дар деҳаҳои Туркменобод ва Истиқлолияти ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Ҷиликӯл суҳбату вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар ҷамъомад кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагию ободонӣ суҳбат намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 таъмираш оғоз ёфта, дар ин самт корҳои бунёдкорӣ ҷараён доранд.