
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “Киров ”-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, атрофи мавзӯъҳои муҳим, ташкили корҳои ободонӣ созандагӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, бартараф кардани мушкилиҳои мардум, ҷалби шахсони соҳибкорӣ дохилӣ барои бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ, расонидани кӯмакҳои аввалияи ниёзи мардум суханронӣ намуд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.