БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!!!

 ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии «Бемориҳои пӯст»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки намояндагони ҳизбӣ ноҳия дар мавзӯъи «Пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва саҳми кормандони соҳаи тиб дар ин самт» ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Сайёра Мардонова суханронӣ намуда, афзуд, ки аввалин маротиба дар Ҷумҳурии мо шахсони сироятёфтаи ВНМО дар соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз дар сатҳи Ҷумҳурӣ тибқи омори бақайдгирифташуда миқдори сироятёфтагон 7 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳанд, ки 6705 нафари онҳо ҷавонони синни аз 10 то 39 сола мебошанд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки кормандони соҳаи тандурустиро  лозим аст, дар ҳифзи сиҳатии омма содиқона хизмат намоянд. Чунки  солимии ҷомеа боигарии давлат аст.

Сипас, оид ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳашари дастаҷамъона рохандозӣ карда шуда,  утоқҳои кории ташкилоти ибтидоӣ  аз нав таъмир гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg