
КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷина”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ доир карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии сокинони ватандӯст 2 адад симчӯбҳои замонавӣ харидорӣ ва дар деҳаи мазкур насб карда шуд.
Баъдан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинон суҳбат гузаронида шуда, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.