БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ЁВОН.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва дастгирии хатмкунандагони муассисаи таълимии № 29 Раҳматуллоев Мақсуд, Ҳомилов Амираҳтам ва Валиев Тоҳир  ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба миқдори 2 тонна семент ва як миқдор асбобҳои барқӣ кӯмак расонида шуд.

Ҷараёни рафти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вокилон ва фаъолони ноҳияи Ёвон қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Инчунин,  оид ба  тарғиби  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо сокинон суҳбат гузаронида шуда, иқдомҳои неки  ҲХДТ аз ҷониби  иштирокдорон  бо хушнудӣ  пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg