БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗЕБОГИИ МАҲАЛ ЗЕБОГИИ ВАТАН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “Марказӣ”-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Идиев Ҳокималӣ  корманди масъули ҳизби ноҳия  атрофи мавзӯъҳои муҳим, ташкили корҳои ободоню созандагӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, бартараф кардани мушкилиҳои мардум, расонидани кӯмакҳои аввалияи ниёзи  мардум, пешгирии хавфу хатари терроризм ва роҳҳои ҳалли  решакан кардани он андешаронӣ карда, зикр намуд, ки барои решакан кардани зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа муборизаи  дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Месазад, ки ҳар як сокини бонангу номуси кишварбо амалҳои созанда бар зидди  амалҳои  хатаровар мубориза бурда, дар рушду ободии Ватан саҳмгузор бошем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg