
АНДЕША. Ҳар як халқият шахсиятҳои баҷастае дорад, ки дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии миллати худ сахми бузург мегузоранд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. E ба гурўҳи шахсоне мансуб аст, ки барои халқи Тоҷикистон хизмати арзишмандеро анҷом додааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва Ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад.
Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.
Ҳамин меҳру муҳаббат ва Ватану миллат буд, ки ўро 11-уми декабри соли 1999 ҳамчун Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд.
Инчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, ба сифати “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” эътироф шудааст.
Бузургтарин дастоварди Роҳбари хирадпешаамон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон эътироф намуданд.
Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки ў худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст.
Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рў ба рў шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мероси ночизе гирифт, хисороти ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, ҳазорҳо одамон ҷони ширини хешро аз даст дода, иқтисоди мамлакат рў ба таназзул ниҳода буд. Дар ин ҳол Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.
Сокинони Тоҷикистон дар атрофи сиёсати инсонпарваронаи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии кишвари азизамон фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Бешубҳа ҳангоми савгандёдкунӣ Пешвои миллат бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард.
Хулоса, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои муътабари миллат, дар ҳақиқат ба ин унвони баланди худ арзанда аст ва дар рушду инкишофи кшвари азизи мо саҳми беназир дорад.
Миллати шафарманди тоҷик барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад.
Каримов Манзар- узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.