
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заршедабону” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО/АНМО дар баробари терроризму экстремизм аз омилҳои хатар ба генафонди миллат маҳсуб меёбад. Донистани бемориҳои сироятӣ, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо дар айни замон зарур ва муҳим мебошад. Муҳимтар аз ҳама барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ин интихоби тарзи ҳаёти солим ва сабру таҳаммулро пеша кардан аст.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кӯдакони маъюб аёдат карда шуда, онҳо ба табобат фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, кӯдакону наврасони иллати ҷисмонидошта вобаста ба майлу хоҳиш, рағбат ва қобилияташон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.