БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ МЕБОШАД!

ПАНҶ. Дар доираи  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси раиси  ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» Давлатова Зарагул ва  иштироки бевоситаи масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хониши сиёсӣ доир гардид. Шунавандагони машғулият  аъзо  ва  ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ буда, мавзўъ вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ интихоб гардид.

Зимни баромадҳо қайд шуд, ки бо ташаббуси давлату хукумат дар давраи соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ дода мешавад.

Дар охир аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» иброз доштанд, ки дар азнавсозии боғи- фарҳанги фароғатии ноҳия, ки аввали моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардидааст, то оихири кори он саҳмгузори менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg