БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ТЕРРОРИЗМ МАСЪАЛАИ НИҲОЯТ ҶИДДИ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Асоева Соҷида ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро ба ҷамъомадагон фаҳмонид.

 Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни сузанронии хеш қайд намуданд, ки асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати меъроси маънавӣ - фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-  миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллии худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg