
А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикситон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Нусратулло Махсум»-и деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони ҳизб дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни баромад оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ, пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ андешаронӣ карданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониву созандагӣ иваз намудани симчӯбҳо анҷом дода шуд.