БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБЕ, КИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ МАРОМИ ӮСТ…

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сили минтақа” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, қайд кард, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби Ватан ва марзу буми худ гаштан орзуи деринтизорӣ миллати тоҷик буд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ормони халқи тоҷик амалӣ гашт. Имрӯзҳо мардум сарҷамъ гашта, даст болои қалб монда, бо ифтихор мегӯянд, ки мо соҳибватан ҳастем.

Туманов Тоир раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сили минтақа” дар баромади худ қайд кард, ки моро мебояд, дар вазъияти ногувор ва давом ёфтани нооромиҳо дар кишварҳои алоҳидаи дунё бо такя ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст, ба қадру манзалати Ватани маҳбуби худ, яъне Тоҷикистони азиз бирасем ва дар ин роҳ ҳидояти самимонаи Пешвои миллат, ки гуфтаанд: “Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед! Шукронаи ана ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани  азизу маҳбуб доред!!!” шиори мо бошад.

Дар қисмати Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дару тирезаҳои кӯҳнаю фарсуда иваз гардида, ҳамзамон роҳҳои дохили беморхона сафолакчинӣ шуда истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg