
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Зиёратшоҳ» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ масъулин оид ба сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, паёмадҳои хатаровари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» Муассисаи таҳсилоти маёнаи умумии №38-и деҳаи Некманзар 1 синфхона таъмир ва болопӯши бинои муассисаи мазкур аз нав иваз карда шуд.