БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ДАР НИҚОБИ ИСЛОМ

ВОКУНИШ. Бозиӽои сиёсии абарқудратҳои ҷаҳон ба ӽаёти инсонҳо мушкилиӽои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла мусаллаӽшавии бошитоби кишварӽо, бозӣ кардан бо дину эътиқод, тассубу хурофотпарастӣ,терроризму эктремизм ва амсоли инӽо.

Имрȳз қудрати зеӽни инсон ӽатто тобиши сайёраӽо, фазо, суръати гардиши коинотро идора карда истодааст. Як зумра одамон бо акидаӽои хеш мехоӽанд дунёро дигар созанд, дигаре барои манфиати хеш дар ҷомеа табаддулот ба вуҷуд меорад. Миёни одамон, миёни гурӯӽӽо, миёни равияӽо ғараз ва низоъӽо пайдо шуда дар натиҷа ҳаёти инсон зери хатари бузург мемонад.

Имрȳз давлатӽои ғайримусалмон дар чеӽраи ислом бунёди терроризму экстремизмро мебинанд, тамоми давлатӽои мусалмоннишинро зери сарзаниш қарор медиӽанд. Бар он ақидаанд, ки ҳар ҷое, ки мусалмон аст он ҷо қатлу куштор, иғвоангезӣ ва таӽавулгарӣ низ вуҷуд дорад. Дини мубини Ислом пок ва Қуръони Карим муқаддас аст. Инчунин,  холиқи якто низ ӽеҷ вақт ва дар ӽеҷ куҷо қатли инсонро амр накардааст. Аммо афсӯс таассуб, хурофотпарастӣ, дингароиву миллатгароӣ, манфиотхоҳиву мазҳабтарошӣ, куштор ва хунрезии гурӯӽӽои махсус ва ё гурӯӽӽои зархарид ба рȳи дини мубини Ислом доғи сиёӽ гузоштанд. Хуллас,  терроризм ба рȳяш ниқоби Ислом кашиду ба дунё хатари бузург эҷод кард.

Муносибатӽои духура ва ё дустандартаи кишварӽои абарқудрат ба дигар кишварӽои хурд таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ин кишварӽо ба хотри ба даст овардани манфиатӽои геопалитикии хеш гурӯӽӽои махсусро ба хотри набзу низом ва ноором сохтани авзои тамоми ҷомеа ва аӽли башар омода месозанд. Паси парда ба ивази маблағӽои калон онӽоро муссалаӽ гардонида роӽнамоӣ мекунанд.Аз паӽлȳи дигар назди омма  муқобилашон муқовимат нишон медиӽанд. Яъне,  бо гург барра мехӯранду бо чӯпон гиря мекунанд. Дигар  сухан сари мусалмону ғайри мусалмон намеравад. Имрӯз сухан сари ҳаёти инсон меравад. Рушди бесобиқаи терроризму экстремизме,ки  ӽамма кишварӽоро ба ташвиш овардааст, Тоҷикистонро ӽам зери хатар низ гузоштааст. Падидаӽои номатлуб, равияӽои гуногун   бегонапарастӣ, ӽизбу ӽаракатхои иртиҷоӣ, истиқлолият ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор сохтааст. Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон дар баромадӽояшон чиӽати пешгирии терроризм ва ихтилофот пайваста суханрони менамоянд, инчунин ба дарку фаӽми онӽо мерасонанд,ки майл ба фарӽанги бегона надошта бошанд. Нагузоранд, ки душманони давлату миллати тоҷик бо ақидаҳои хоинона бо эӽсосоти мардум, аз ҷумла ҷавонони мо  бозӣ кунанд. Зеро Ӽизби Наӽзати Ислом дар ӽамин хоку сарзамин солӽои зиёд кору фаъолият кард. Вале наӽзатиён имкониятро истифода бурда,  зери коса нимкоса хобонданд. Ба ҳар роӽу восита зеӽни мардумро заӽролуд сохтанд. Бо гузшти вақт ва баъд аз таӽлилӽо чун парда аз рȳи ин бардошта шуд ӽақиқат ба ӽама маълум гардид,ки наӽзатиён ӽадафу мақсадӽои нопок доштаанд. Хоҷагони хориҷӣ низ онӽоро бо маблағӽои махсусан калон харидорӣ намудаанд то сулӽу амнияти мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро аз байн баранд. Бояд гуфт,ки муқовимат нишон додан бар зидди терроризм кори нафақат мақомоти дахлдор,  балки вазифаи ӽар як шаӽрванди Тоҷикистон аст. Аз ӽамин хотир бояд ӽушёр бошем ва дубора ба чунин хатогӣ роӽ надиӽем.

Биёед сари мақсад меоем! барои аз байн бурдани ин  мушкилоти ҷаӽонӣ чи бояд кард? Ба фикри шахсии ман аввал бояд зираку зудфаҳм бошем, ба ҳама он чизе, ки ватанамон дорад қаноат кунем,бо ивази баъзан камбудиӽо беӽбудиӽоро мисол оварда шукр гӯем. Тинҷии ватанамон Тоҷикистон ва ормиши хонаводаамонро арзиш калон донем ва Пешвои миллатамонро, ки бо ин ӽама сарсупурдагиву аз худгузарӣ бароямон сулӽу ваӽдат офарид,  дӯст дорему ȳро бовар кунем. Чунки ин Ватан ва ин Пешво танӽо барои мост. Бояд донем террорист беимону бе Ватан аст ягон террорист мақсади бунёд ва обод карданро надорад. Чуноне, ки Сарвари муаззами миллат дар яке аз паёмашон  гуфтаанд ,ки «Терорист дин, мазҳаб ва Ватан надорад».

Шаӽноза Раҷабова,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ  

                                     

 

 

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg