БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ОТАШИ ЗАМОН АСТ!

ВОКУНИШ. Терроризм ва экстремизм  амали номатлуб буда, ба он ҷавонони камсавод, сабукфикр, ё худ наврасоне аз оилаҳои вайроншуда шомил мегарданд.

Хоҷагони террористон  худашон низ аз тоифаҳои бехирадонанд. Онҳо худро дар либоси дини мубини ислом  гирифта,  ба ҳар роҳу восита ба ваъдаҳои дурӯғ, пулу мол одамонро ба гурӯҳҳои худ ҷалб мекунанд.

Ба шомилшавии ҷавонон шояд мо тамоми аҳли ҷомеа гунаҳгор бошем, дар назар дорам: раиси маҳалла, домуллои маҳал, омӯзгор, мураббия, оила ва муҳит. Шояд мақоли мардумӣ рост меояд, ки мегӯянд: панҷ ангушти панҷа баробар нест. Дар солҳои охир мо ҳама як тан шудему он нафаронеро, ки дар ин роҳ равон шуда  буданд, то қадри имкон гардондем.

Терроризм ва экстремизм мавзӯъи доғи рӯз аст, инро Президенти заковатманду дурандеши мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали  ба сари давлат омаданашон ба ҷаҳониён таъкид карда буд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин оташро  ҳаматарафа бояд гирифт. Ин пешгӯиҳои Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз дар ҷаҳон тасдиқ шуд. Ин оташ  ҳазорҳо  одамонро  ба коми худ фурӯ бурд, баъзе кишварҳоро сӯзонд, насли одамиро бераҳмона  нобуд кард ва нобуд карда истодааст. Инро мардуми мо медонанд  ва ба қадри талошҳои  Пешвои миллат  мерасанд, давлати имрӯзаи мо намегузорад, ки миллат парешон шавад. Мо танҳо  дар иттиҳоди метавонем аз оташи терроризм ва экстремизм  амон ёбем.

Мардуми тоҷики бо фарҳанги мо, ки имрӯз тарбияи давлати демократию дунявиро гирифт, дигар ҳеҷ гоҳ худро қурбони нодонию ҷаҳолат нахоҳад кард. Ман ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлол инро бо боварӣ мегӯям, зеро ҷавонони ояндасози имрӯзаи мо аз ҷавонони 20-30 сол пеш фарқ доранд.

Минбаъд ҳам мо метавонем амалҳои фаҳмондадиҳиро ҳаматарафа ба роҳ монда,  дар масҷиду ҷамоатҳо, мактабҳо онҳоро ба корҳои хуб ҷалб намоем. Аксарияти ҷавонони мо бо чашмони худ тариқи шабакаҳои интирнетӣ диданд, оқибати террористиро дарк намуданд, маънои аслии онро фаҳмиданд. Иншоллоҳ, ки шомилшавии онҳо минбаъд аз байн меравад. Чуноне, ки шоири ватандӯст Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

 

Санг чу дар гумони шиша кард,

Шиша гардиду  шикастан пеша кард.

 

Илҳом Даминов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                           

   

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg