БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАҶОТДИҲАНДА, ТАҲКИМГАР ВА РУШДУ ТАКОМУЛДИҲАНДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «САҲШ» дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод иштирок доштанд.

Чорабинии мазкурро Ҳасанзода Тағоймурод оғоз намуда, мавсуф зимни баромади худ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар доираи ҷадвали тасдиқшуда аз рӯи 14 самти афзалиятнок ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои ҳизбиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин масъулин иброз доштанд, ки нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ ба тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg