БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТАНИ ПУЛ ВА ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ДЕҲА ХАЙРИ ҶОРИЯ АСТ!

Ш. ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон бо сокинони деҳаи Вағлели Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрӣ доир намуд.

Мавсуф дар баромади хеш аз паёмадҳои хатарбори ташкилотҳои экстремистию террористии замони муосир ва таъсири манфии онҳо ба Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон- Тоҷикистон ёдоварӣ карда, ҳамагонро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуб ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ таъкид дошт.

Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” 500 метр роҳ,ки дар натиҷаи боронгарии пайдарпайи имсола осеб дида,  муддате ҳаракати нақлиёт ба деҳа қатъ гардида буд , тавассути техникаҳои дохилӣ  таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg