БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБКОРОН МАКТАБЕ, КИ ХУД ХАТМ КАРДААНД ТАЪМИР МЕКУНАНД!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Камоли Хучандӣ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва қисмати амалии Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур масъулин қайд карданд, ки:- Мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати комили миллӣ расидем.

Дар охири чорабинии мазкур дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббусу дастгирии соҳибкор Разоқов Соҳибҷон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир, ки дар он ҷо таҳсил кардааст, ба маблағи 10000-ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидори намуда, ба шахсони масъули муассисаи таълими барои таъмири босифати ин боргоҳи нуру хирад супорида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg