БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУШКИЛОТИ ОБИ ОШОМИДАНӢ ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТА ИСТОДААСТ!

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Хоҷагии  об”-и  ноҳияи Носири Хусрав   хониши  сиёсӣ  таҳти  унвони «Об сарчашмаи  ҳаёт ва  манбаи  асосии  саломатии инсон» баргузор  гардид. 

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявӣ   қайд  намуданд, ки  бо  вуҷуди  он, ки Тоҷикистон  дорои  захираҳои  бузурги  об мебошад, таъминоти  аҳолӣ   бо  оби  босифати  ошомиданӣ  ва  таъминоти  оби    соҳаи  кишоварзӣ  камбудиҳо  ҷой  доранд, ки  онҳо  аз  ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  давра  ба  давра  ҳалли  худро  ёфта  истодаанд.  Дар  самти  кишоварзӣ  ва  обёрии  замин беҳтар  намудани шабакаҳои обрасонӣ  ва  барқарор  кардани  заминҳои  аз  гардиши  кишоварзӣ берунмонда  аз  ҷониби  Ҳукумат чораҳои  амалӣ  андешида, дар ҳамкорӣ бо  шарикони  рушд лоиҳаҳои  давлатии  сармоягузорӣ дар  самти  обтаъминкунии  аҳолӣ оғоз  гардида,   амалӣ  шуда   истодаанд.

Ба  саволу  дархостҳои  ҳамагон аз ҷониби масъулин ҷавобҳои  саҳеҳу  амиқ  гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg