БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАИ ҲАМВАТАНРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Таги ҷар” гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Ҷалолиддин Қаюмов  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дод.

Мавсуф дар идомаи суҳбат аз иштирокдорон даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлубе, ки  ҳаёти осоиштаи сокинонро халалдор месозанд, муборизаи беамон баранд.

Инчунин, таъкид дошт, ки дар пеш санаи муҳими таърихии 30 – солагии  Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки  он аз ҳар як узви ҳизб масъулияти баландро  талаб менамоянд.

Баъдан дар  асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” девори ҳавлии ҷавони маъюб Мӯсо Қодиров аз нав сохта  шуд, ки  ин иқодми  ватандӯстона  аз ҷониби Мӯсо Қодиров бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg